wrapper

  19 июли соли 2021 дар маҷлисгоҳи Агентии назорат дар соҳаи маориф  ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзои ҳайати мушовараи агентӣ, Нурулло Оқилзода - мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Шодиев Мирзошариф – сардори раёсати Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату кумитаҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, сардорону мудирони  раёсату шуъба ва бахшҳои агентӣ, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф ҷаласаи мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолияти агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 баргузор гардид.

  Ҷаласаро директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Шоҳин ҳусни оғоз бахшида, сипас дар бораи  фаъолияти агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 дар самти аттестатсия, аккредитатсия, иҷозатномадиҳӣ ва назорати сифати таҳсилот ҳисобот дод.

 

  Дар идомаи ҷаласа Тақдиров Тақдиршо – сардори раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Ҳисор, Саиднуриддинзода Аҳлиддин – сардори Раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолони агентӣ, Шодиев Мирзошариф – сардори раёсати Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Худоёров Фарҳод - муовини сардори Сарраёсати маорифи  шаҳри Душанбе ба музокира баромада, фаъолияти Агентиро дар нимсолаи якуми соли 2021 қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

  Ҳамзамон, Нурулло Оқилзода - мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа суханронӣ намуда, фаъолияти агентиро дар нимсолаи якуми соли 2021 мусбӣ арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки кормандони агентӣ минбаъд низ барои дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди илму маориф сайъу талош менамоянд.

  Сипас, раиси ҷаласа, директори Агенти назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки навобаста аз корҳои баанҷомрасонида, мушкилиҳои соҳа ҳоло ҳам ба назар мерасанд ва мо кормандони Агентӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор пайваста барои бартарафсозии мушкилоти мавҷуда сайъу талош намоем ва саҳмгузор бошем.

 

  Дар анҷом оид ба масъалаҳои баррасишуда бо назардошти дастуру супоришҳо ва таклифу мулоҳизаҳои пешниҳодшуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

 

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35